Бо роҳи фиреб ғорат намудани ноболиғи 15-сола
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 9-уми марти соли 2025, ҳангоме, ки писари ноболиғи 15-солааш дар бозори фурӯши телефонҳои мобилӣ қарор дошт, ӯро 4 нафар шахсони ношинос бо роҳи фиреб ва бо баҳонаи харидорӣ намудани телефони мобилиаш тамғаи “ipnone-10”, ки арзишаш 1 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад, ӯро аз дохили бозори фурӯши телефонҳои мобилӣ ба маҳаллаи Шаҳристони шаҳри Вахдат бурда, бо роҳи ошкоро ва истифодаи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилиашро тассарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия чор ноболиғи 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.