Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавонзани 19-сола бо ҷурми одамкушӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 10-уми марти соли 2025, тахминан соати 09:00, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш марди 27-солаи сокини ҳамон ҷо аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани шавҳараш бо корд як маротиба ба қафаси синаааш зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

11.03.2025 8:12
108