Изҳори миннатдории сокинони шаҳри Конибодом
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Мо сокинони шаҳри Конибодом аз кадрҳои тарбия кардаи Шумо аз замин то осмон миннатдорем. Аввалан ба Шумо Вазири муҳтарам, сари таъзим фуруд меорем, ки кадрҳои шоистаро тарбия мекунед, ки онҳо барои тинҷию амонӣ ва ободу зебо гардидани диёрамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба Шумо Вазири муҳтарам дар тарбияи кадрҳои оянда низ барори комёбиҳо таманно дорем.
Сиҳатмандӣ ва ақли солими Шумо буд, ки кадрҳои хуберо тарбия кардед, ки онҳо дорои ҳамаи хислатҳои неки инсонианд. Яке аз кадрҳои тарбия кардаи Шумо сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри мо Маҳмадиев Алимардон мебошад.
Аз он рӯзе, ки ин марди наҷибу хоксор ва нисбати халқ дилсӯз ба кор омад, шаҳри мо ободу зебо гашт. Баробари ба кор омадан гирду атрофи шаҳрро давр зада баромад, тозагию ба тартиб овардани шаҳрро ба ӯҳдаи худ гирифт. Бозоре, ки солиёни дароз як тартибро намедонист ба тартиб даровард, роҳраву кӯчаҳоро барои мардум кушод кард.
Солҳои пешин илоҷи ба бозор омадан набуд, кӯчаю роҳравҳо аз савдогарон пур буданд, мардум бо азоб вориди бозор мешуданд. Савдогарон дар кӯчаю роҳравҳо савдо мекарданд, ҳамаи онҳоро ба даруни бозор ҷой кард. Шароити хуби ба бозор омаданро муҳайё кард. Ҳар рӯзи якшанбе Маҳмадалиев Алимардон худаш бозор омада бозорро зери назорат мегирад, ки тартибот вайрон нашавад. Ӯ тартиботашро аз шӯъбаи худ сар кард. Шӯъбаро аз нав таъмир кард, ҷойҳои ноободро обод кард, барои ҳамкорашон шароити хуби корӣ маҳайё кард.
Алимардон марде аст, ки виҷдону имони пок дорад, аз роҳи ҳақ берун намешавад, ба касе бадиро раво намебинад, ҳар корӣ неке, ки аз дасташ меояд аз мардум дареғ намедорад, аз ҳати кашидаи қонуни давлат, ҳам қонуни шариат пой берун намегузорад. Аз аҳволи дардмандони касалиҳои рӯхӣ хабар гирифта меистад, ҳамеша ёрирасони ин беморхона аст.
Ба дидори солдатбачаҳо мешитобад, аз ҳолу аҳволи онҳо низ бохабар шуда меистад.
Бинобар ин, ба Шумо Вазири муҳтарам, бори дигар барои тарбия намудани чунин кадрҳои арзанда изҳори миннатдорӣ ва сипоси худро баён медорем.
Бо эҳтиром,
Сокинони шаҳри Конибодом, кормандони беморхонаи рӯҳӣ, афсарону аскарон, инвалидону камбизоатон ва собиқ оилаи нафақахӯр Холматова Робия.