Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ҷавони 24-сола бо ҷурми дуздии маблағу ҷавоҳирот 

Ба ШВКД дар шаҳри Левакант аризаи марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 26-уми январи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 6 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ шаби 8 ба 9-уми марти соли 2025, ба хонаи истиқоматии марди 37-солаи сокини шаҳри Левакант даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти  гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

10.03.2025 13:30
24