Дастгир гардидани марди 27-сола барои тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми январи соли 2025, тахминан соати 14:20-дақиқа, дар маҳаллаи 34 шаҳри Хуҷанд ҳуҷраи маҳс кушода, аз тирезаи ҳуҷраи бинои маҳс бо мақсади дар оянда бо роҳи таъмаҷӯӣ талаб намудани маблағи пулӣ бо телефони мобилиаш, алоқаи ҷинсии ҷавонзани 20-сола ва марди 27-солаи сокинони шаҳри Хуҷандро ба навор гирифта, аз ҷабрдидагон бо мақсади таъмаҷӯӣ ва таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда 12 ҳазор сомонӣ талаб намуда, 2-юми феврали соли 2025, гумонбаршаванда аз ҷавонзани 20-сола 4 ҳазору 800 сомонӣ ва аз марди 27-сола 5 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.