Шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар қисми ҳарбии 3506 дар шаҳри Кӯлоб
10-уми марти соли 2025 дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва беҳтар намудани шароити хизматии сарбозон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти корҳои сохтмонӣ дар қисми ҳарбии 3506-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Кӯлоб аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва тармиму таҷдид дар қисми низомӣ дидан намуда, ба масъулин барои босифат анҷом додани корҳои созандагӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳвол, шароит ва рафти хизматбарии онҳо пурсон шуд.
Таъкид карда шуд, ки Сарвари давлат ва роҳбарияти Ҳукумати мамлакат барои дар шароити мусоид хизмат намудани афсарону сарбозон тамоми тадбирҳоро андешида, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Гул Маҳбуба