Изҳори миннатдорӣ
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
Аз тарафи сокини ноҳияи
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,
ҷамоати деҳоти Панҷоб,
деҳаи Сайорб Ҳамидов Ҷалил.
(падари шаҳиди роҳи озодӣ)
Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро! Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки фарзанди ман собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, капитани милитсия Ҳамидов Хуршед Ҷалилович хангоми иҷрои вазифа соли 1996 дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд.
То ба вазифа омадани полковники милитсия Аминҷонов Бахтиёр Самиҷонович сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - номзади илмҳои ҳуқуқ ва раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Вализода Қодир Исуф касе аз роҳбарони аввал ба ман ҳатто ҳамдардӣ баён накардаанд, кӯмак он тараф истад. Агар ба коре ба наздашон мерафтам ва арзи дил мекардам ба ҷои кӯмак таънаам мекарданд.
Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро! Рӯзи ташкилёбии «Милитсияи тоҷик» дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои пос доштани хотираи фарзандам ва чор кормандони милитсия, ки дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд «Лавҳаи хотиравӣ» сохта рӯйбардорӣ карда шуд. Ҳар лаҳзае, ки ман вориди Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ мешавам назди лавҳа рафта шукронаи Истиқлолият мекунам, ки номи неки фарзанди ман абадӣ мондааст.
Хуб, ки дар дунё чунин одамони наҷибу хайрхоҳ ҳастанд, ба монанди раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Вализода Қодир Исуф, полковники милитсия Аминҷонов Бахтиёр Самиҷонович сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович, ки нисбати ман барин ғамзадаҳо, ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ман миннатдории худро ба онҳо баён мекунам.
Мӯҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ман аз Шумо миннатдорам, ки чунин кадрҳои болаёқат ва дилсӯзро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудаед, ки ба дарди мардум дармон мебахшанд.
Бо эҳтиром
Ҳамидов Ҷ.