Ҳалокати якчанд нафар шаҳрванд дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-200», Фозилов Мӯминҷон Холбоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуд.
Номбурда 6-уми марти соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз самти кӯчаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Унҷӣ ба самти Беморхонаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонова Парвина Ҷалиловна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, дидаю дониста ҷабрдида Қурбонова П.Ҷ., ки ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст, ёри нарасонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонова П.Ҷ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми марти соли 2025, тахминан соати 12-30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Таваров Хайрулло Саидович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Фарзонагони ҷамоати деҳоти Заргар ба самти деҳаи Фрунзе дар ҳудуди роҳи мошингарди байнидеҳавии деҳаи Ҳ.Қаландари ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Яқубов Рамазон Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Яқубов Р.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.