Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини  ноҳияи Фархор бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда бо фармони сардори хоҷагии зотпарварии «Панҷ»-и ноҳияи Панҷ аз санаи 1-уми октябри соли 2020 то санаи 28-уми октябри соли 2024, дар вазифаи сарчупони хоҷагии мазкур кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси ҷавобгар ба ҳисоб меравад.
Дар асоси шартнома аз 1-уми октябри соли 2020, ба зиммааш 1 ҳазору 177 сар чорвои майдаи шохдори хоҷагии мазкурро қабул намуда, дар давраи фаъолияти кориаш 180 сар чорвои майдаи шохдори дар тавозунаш бударо азонихуд намудааст.
Мувофиқи санади санҷиши молиявии мутахассиси аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, камомади 180 сар чорвои майдаи шохдори муассисаи мазкур аз ҷониби гумонбаршаванда азонихуд кардашуда, 154 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.03.2025 8:43
24