Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми феврали соли 2025, шахсони номаълум дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-22” ва ҳамёнашро, ки дар дохилаш корти “Душанбе-Сити” ва маблағи 12 ҳазору 500-сомонӣ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 29-уми декабри соли 2024, шахсони номаълум аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Меҳвари ҳамин ноҳия як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 42-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ содир намудааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи пирамарди 73-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 23 ба 24-уми феврали соли 2025, шахсони номаълум аз дохили оғилхонааш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.