Дастгир гардидани ҷавонзани 21-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи апрели соли 2024 ба ноҳияи Ёвон рафта бо марди 57-солаи сокини ноҳияи Ёвон шиносоӣ пайдо намуда, аз соҳибкор ва оиладор буданаш огоҳ гардида, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуда, минбаъд бо таҳдиди паҳн кардани маълумоти беобурӯкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида талаб намудааст, ки ба ӯ никоҳи исломӣ баста, 20 ҳазор сомонӣ бидиҳад.
Ҷабрдида моҳи майи соли 2024 бори аввал 20 ҳазор сомонӣ ва маротибаи дигар 15 ҳазор сомонӣ ба гумонбаршаванда дода, дар дохили автомашинаи шахсиаш дар назди пули маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе никоҳи мусулмонб бастааст.
Сипас гумонбаршаванда боз ҷабрдидаро таҳдид кардааст, ки ба ӯ аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе манзили истиқоматӣ харидорӣ намояд. Дар ҳолати харидорӣ накардани манзили истиқоматӣ ӯро беобрӯ мекунад.
Санаи 6-уми марти соли 2025, тахминан соати 17:32-дақиқа, гумонбаршаванда ҳангоми гирифтани маблағи 19 ҳазору 800 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.