Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз дидбонгоҳи рақами 1-и қисми ҳарбии 3504 Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ

9 марти соли 2025 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дидбонгоҳи рақами 1-и қисми ҳарбии 3504 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Водхуд, деҳаи Ваҳдати  ноҳияи Ванҷ боздид ба амал овард.
Вазири корҳои дохилӣ бо афсарону сарбозони дидбонгоҳи мазкур ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳвол, шароит ва рафти хизматбарии онҳо пурсон шуд. Таъкид карда шуд, ки Сарвари давлат ва роҳбарияти Ҳукумати мамлакат барои дар шароити мусоид хизмат намудани афсарону сарбозон тамоми тадбирҳоро андешида, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.    
Зикр гардид, ки сарбозони далеру шуҷои Ватан барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон ҳамеша омода буда, аз уҳдаи вазифаҳои ба дӯшашон вогузоршуда бо сарбаландӣ мебароянд.
Гул Маҳбуба

09.03.2025 17:14
163