Мактуби миннатдорӣ
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
Мӯҳтарам, Вазир!
Ман, Ҳусейнов Муинҷон ҳастам, ёрдамчии роҳбари Бозори «Орифиён»-и маркази шаҳри Хуҷанд.
Дар бозори мо, ки якошёна аст, 21 адад дуконҳо мавҷуданд, ки дар ҳар яке онҳо як нафарӣ соҳибкор бо ҷойи кор таъмин мебошанд.
Бозори мо аз соли 2012 инҷониб амал менамояд ва дар қафои маркази савдои «Баҳор»-и мавзеи Панҷшанбе ҷойгир аст. Имрӯз сад бор Худоро шукр гуфта, дуои ҷони сӯхторхомушкунандагонро мекунам.
Шаби 15-ум бар 16-уми ноябри соли 2014 онҳо ҷои ҳодиса омада, сӯхтори дар марказҳои савдои «Баҳор», «Тоҷир» ва «Сино» рухдодаро саривақт хомӯш намуданд. Вагарна дуконҳои моро низ коми оташ мегирифт.
Ёд дорам, ҳанӯз оғози фаъолияти кориамон дар «Орифиён» буд. Сардори онвақтаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, полковники хизмати дохилӣ Н.Мамадов роҳбарони ҳамаи бозорҳои мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷандро даъват карда, вазифа гузошт, ки бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сӯхтор як ҳавзи об созем. Ана ҳамин супориши қатъии сухторхомушкунандагон буд, ки таҳти роҳбарии бевоситаи онҳо ва директори ҶДММ «Рухсора» Ойимқиз Қодирова мо, соҳибкорон, як ҳавзи калони сементии болопӯшида (барои обаш бухор нашудан) бунёд кардем. Дар бунёди ин ҳавз роҳбарони ҳамаи бозорҳои мавзеи Панҷшанбе саҳм гузоштанд.
Ҳамон шаби дар ин мавзеъ сухтор рухдода ман низ бо расидани занги телефонӣ зуд ба ҷойи ҳодиса омадам.
Мошинҳои пуроби сӯхторхомушкунандагон обро болои оташ бо фишори баланд мепошиданд. Ҳамроҳи кормандони ин хадамот зуд рӯдаҳои обро ба ҳамон ҳавзи бунёднамудаамон партофтем. Се «гидрант» - дастгоҳҳои обкашии мошинҳои сӯхторхомушкунӣ - баробар обро кашида медоданду сӯхторхомушкунандагон ҷараёни оби фавворазадаистодаро сӯи алангаи оташ равон мекарданд. Он шаби сарди тирамоҳ ман ҳам мисли сӯхторхомушкунандагон то зону ба обу гил ғӯтида будам...
Вақте, ки навореро бобати кори сӯхторхомушкунандагон тавассути телевизиони ғайридавлатии «Азия» тамошо кардам, дилам аз ин телевизион тамоман хунук шуд. Навори онҳо пур аз буҳтону иғвоангезанда буд. Як духтараки ҷавон дар ҷараёни навор мегуфт, ки гуё «сӯхторхомушкунакҳо он шаб фаъол набуданд». Бо шунидани ин суханон дилам фишор овард. Ба ӯ ва дигар мардуми чунин андеша дошта гуфтан мехостам: «Эй мардум, инсоф кунед, инсон бошед, мусалмон бошед, ҳаққи гапро гӯед. Он дақиқаву соатҳои сарду торику пуртакопу шумо не, ман бари сӯхторхомушкунандагон будам. Онҳо ба хотири хомуш намудани сӯхтор то зону дар обу лой ҷулида буданд. Агар онҳо фаврияту касбияти баланд нишон намедоданд, магар чунин сӯхтори азим аз пеши худ хомӯш мешуд?»
Ба Шумо, мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода, барои омода намудани чунин роҳбарону кормандони мақомоти сухторхомушкунӣ, ки касбияташон баланд аст, миннатдорӣ баён мекунам.
Илоҳо ҳеҷ гоҳ, дастатон дардро набинад, ба бахти аҳли байтатону мардуми тоҷик ҳамеша хонаободу соҳибобрӯ ва некиқбол бошед.
Бо эҳтиром - ёрдамчии
бозори «Орифиён»
25 ноябри соли 2014.