Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

5-уми марти соли 2024, тахминан соатҳои 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Соната”, Ҳукматуллозода Шаҳбоз Ҷаъфар, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Данғара ба самти деҳаи Данғараи Боло, дар ҳудуди деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корез аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Орипова Омина Мираҳмадовна, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Орипова О.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми марти соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», Шарипов Абдутолиб Сатторович, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Ғозиёни Болои шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷуқурии 75 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ҳамсараш Саломова Махфират Шафиевна, соли таваллудаш 1959, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

07.03.2025 8:10
39