Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми авбошӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми феврали соли 2025, тахминан соати 11:50-дақиқа, дар саҳни бинои МТМУ №40-и ноҳияи Мастчоҳ бо ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол намуда,  гумонбаршаванда бо кордча як маротиба  ба шиками ҷабрдида зарба задааст. 
Тибқи санади экспертизаи суддӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари сабук ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.03.2025 8:04
30