Биҳишт, ай ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад!
Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, 6-уми марти соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба "Рӯзи модар" чорабинии идонаи бошукӯҳ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, меҳмонон, собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро ба Иди баҳору зебоӣ, яъне Иди модарону бонувон табрику таҳният намуда, ба онҳо ободии хонадон, хушбахтии фарзандон, дар кору фаъолияти хизматиашон барору комёбиҳо таманно карда, бо боварии комил иброз намуд, ки бонувони мақомоти корҳои дохилӣ бо дарки масъулият ва ҳисси миллатдӯстиву ватанпарастӣ дар қатори мардон вазифаҳои худро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Ба кордониву дастгириву ғамхорӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон дар ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сол то сол боло рафта, занон чун як узви фаъол ва пешбарандаи рӯзгор барои пешрафти зиндагии оилавӣ ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нақши назаррас мегузорад, - афзуд Рамазон Раҳимзода.
Воқеан, нақши зан ҳамчун модар тарбиятгар, ғамхору мададгор, такягоҳ ва ҳунарманду ҳунаромӯз, ободкору зебопараст ва олиҳаи ҳусн дар рӯзгори мо арзи вуҷуд мекунад.
Дар идома бахшида ба Рӯзи модар бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ зиёда аз 240 нафар кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои соҳавии Вазорат, 681 нафар бо маблағҳои пулӣ ва 13 нафар бо рутбаҳои махсуси як зина боло аз вазифаи ишғолнамудаи штатӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, ғолибони мусобиқаи идонаи тирпаронӣ, ки байни кормандзанони ВКД бахшида ба "Рӯзи модар" роҳандозӣ гардида буд, бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар охир барномаи консертии иборат аз рақсу суруд ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бори дигар кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо тамоми модарону бонувони ҷумҳуриро бахшида ба "Рӯзи модар" муборакбод намуда, инчунин ба аҳли ҳунар барои пешкаш намудани барномаи фарҳангиву фароғатии саршор аз муҳаббат ба Ватану модар изҳори ташаккур намуд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ