Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоруғ: Семинари омузишӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба савдои одамон”

Бо ташаббуси роҳбари Комиссияи байниидоравӣ оид ба “Муқовимат ба савдои одамон”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев  семинари омузишӣ,  дар мавзӯи “Муқовимат ба савдои одамон” доир гардид.  
Дар қисмати аввали семинари омузишӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил,  олимону профессорони Академияи ВКД, Донишгоҳи миллӣ, кормандони шуъбаи тафтишотии РВКД ва сохторҳои он, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон -  шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнону Ишкошим,   Рошткалъа ва Мурғоб   иштирок карданд. 
Нахуст сардори РВКД дар ВМКБ генерал - майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил суханронӣ намуда, ҳайати комиссияи идоравӣ, ки аз шаҳри Душанбе озими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шуданд, хуш омадед гуфта, иброз намуданд, ки масоили савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти диққати ҷиддии Вазорати корҳоли дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зеро он ҳамчун падидаи манфӣ ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ивтимоии ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад. Гуфта шуд, ки савдои одамон падидаи иртиҷоии бисёрҷабҳа ва хеле мураккаб буда, ба муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа иртибот дорад. 
Зикр гардид, ки  дар тамоми ҷаҳон бархе аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ барои амалӣ намудани манфиати шахсии худ ва баҳри ба даст овардани пулу моли зиёд амалҳои нопоки худро дар ҷомеа пиёда намуда, ба ҳаргуна корҳои ношоистаи инсонӣ, бахусус одамрбоӣ даст мезананд. 
Дар рафти семенари омузишӣ сардори  маркази муқовимат бо савдои одамони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шоимардонзода Собир баромад намуда, таъкид дошт, ки ба хотири пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба мавзӯи савдои одамон тайи моҳҳои охир дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.
Қайд кард, ки хариду фурӯши одамон  дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои  инсон, ки дар айни ҳол  дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти  миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии  онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст. Дар робита бо хавфи махсусан калони чамъиятӣ доштани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои имконпазири манфии иҷтимоӣ ва сиёсии он, инчунин бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ин ҷиноят дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тибқи қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 15 ноябри соли 2000 Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, Протоколи иловагӣ ба он дар бораи пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занон ва кӯдакон ва ҷазо барои он, инчунин Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво, ки иловаи Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, қабул гардидааст. Конвенсияи мазкур ва Протоколҳои иловагӣ ба онро Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 2000 имзо карда, 29 майи соли 2002, № 645 тасдиқ намудааст.
Инчунин профессор, доктори илмҳои ҳуқуқ Шарифов Тақдиршоҳ оид ба мавзӯи болозикр чунин ақидаронӣ намуданд, ки гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани талаботи истеъмолӣ ба савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад. Хусусиятҳои муташаккил ва фаромиллӣ гардидани ҷинояти савдои одамон дар ҷаҳон эътимод ва кӯшиши бетаъхири ба ҳам омадани давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.
Зикр намуданд, ки заминаи қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз савдои одамон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, оила ва меҳнат сарчашма мегирад. Ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкору пешгирии савдои одамон пайваста тадбирҳои судманду саривақтӣ меандешад. 
Дар рафти чорабинӣ намояндаи ташкилоти ҷамиятӣ Давлатбеков Ғоибназар низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳро дар бар мегирад. 
Инчунин дотсентони  Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шарифзода Вафоиддин ва подполковники милитсия Маҳмадализода Файзиддин дар семинари мазкур баромад намуда, қайд намуданд, ки имрӯзҳо  дар баробари шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, чун замони афзоиши хатарҳои гуногуни умумибашарӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва як қатор дигар ҷараёнҳои халалдоркунандаи осоиштагӣ идома доранд. Дар ин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низ идеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дар афкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад ва танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар қисмати дуюми чорабинӣ муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир  ва кормандони Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят низ дар семинари мазкур иштирок намуданд. 
Муовини Раиси вилоят Абдулназарзода Абдулназар иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд афзалияти аввалинараҷа дорад, аз ҷумла, тибқи қонунгузории амалкунанда ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба ҳаёт, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, дахлнопазирӣ, озодии сухан, оиладор шудан, ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ дорад, ки давлат ба он кафолат дода, баҳри татбиқи он масъулияти мақомоти давлатиро пурзур намудааст.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбандаасту ҳамарӯза дар гушае аз он амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонӣ рух медиҳад, дар ин масир ҳифз намудани давлату миллат аз ҳар гуна хатарҳои геаполитикӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти басо сангину пурифтихор аст. Ҳамин аст, дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул гардидаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ кулли иштирокдорон аз баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки дар мубориза бо муқовимат ба савдои одамон саҳмгузор хоҳанд буд.
Гул Маҳбуба

06.03.2025 22:52
58