Номаи сипосмандӣ
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Точикистон
генерал - лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
М Ӯ Ҳ Т А Р А М В А З И Р !
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун сипосмандии беандозаи худ ва кулли собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба Шумо барои ташаббус ва иқдоми некатон дар ташкилу амалинамоии корҳои таъмиру барқароркунӣ дар Шӯъбаи тиббӣ ва дармонгоҳи Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд, фароҳам овардани шароитҳои мусоиду муосири табобатӣ барои ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоям.
Пас аз анҷоми корҳои таъмиру барқароркунӣ ман дар дармонгоҳи Шӯъбаи тиббии Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд муолиҷа гирифтам ва ҳамарӯза барои дидорбиниам қисми зиёди собиқадороне, ки солҳои тӯлонӣ бо ман дар сафи мақомот фаъолият доштанд, ташриф оварда, аз шароитҳои бино ва ҳуҷраҳои табобатгоҳ ва табобати духтурон огоҳӣ ёфта, бо як эҳсосоти баланд ва ифтихори миллӣ миннатдории худро ба Шумо - роҳбари оқилу ташаббускор ва ғамхори имрӯзаи мақомот баён намуданд.
Тӯли 24 соле, ки роҳбариии Шӯъбаи ташхиси криминалистии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба зимма доштам ва 12 соли дар нафақа буданам ман ин гуна ободӣ ва ғамхориро нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд надида будам.
Аз ин лиҳоз, ба Шумо ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимонаи хешро баён намуда, ба корҳои Шумо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, осоиштагии рӯзгори мардум, ғамхорӣ нисбати кормандону собиқадорони мақомот ва созандагиву ободкориҳои чунин муассисаҳои замонавӣ бурдбориҳои беназирро таманно дорам.
Раҳмат барои чунин ғамхориҳои беназир !!!
Бо эҳтиром:
Собиқ сардори Шӯъбаи
ташхисӣ - криминалистии
Раёсати ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Суғд
полковники мустаъфӣ Т.С.Самадов