Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ҷавони 21-сола дар ҳодисаи нақлиётӣ

5-уми марти соли 2025, тахминан соати 03:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130», Қурбонов Неъматулло Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди маҳаллаи 3-юм ба самти маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҷабов Исфандиёр Нуралиевич, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Деваштичро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Раҷабов И.Н. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
5-уми марти соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳмонов Ҳусейн Расулович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3102», таҳти  идораи ронанда, Дадобоев Абдусалом Муминович, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Оглукова Наргиса Абдуқодировна, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

06.03.2025 8:59
42