Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 58-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур, директори ҶДММ “Гулшан 2010” муроҷиат намудааст, ки ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанберо дар ҶДММ “Гулшан 2010” ба ҳайси савдогар ба кор қабул карда, фаъолият намуда, маблағҳои аз мағозаҳо ҷамъовардаашро ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба ширкати ҶДММ “Гулшан 2010” 95 ҳазору 212 сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 58-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки аз 3-юми январи соли 2023, дар асоси фармоиши директори генералии ҶДММ «Шодиёна Б»-и ноҳияи Ҷ.Расулов то инҷониб, дар вазифаи устои маторист фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш ба фурӯш баровардани равғанҳои молидании воситаи нақлиёт ва дигар қисмҳои эҳтиётии воситаи нақлиётро барои иваз намудани равғани воситаи нақлиёт қабул карда, онҳоро ба фурӯш бароварда, ба ҶДММ мазкур 46 ҳазору 93 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.