Бо роҳи қаллобӣ гирифтани 20 ҳазор доллари амрикоӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми майи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи шаҳрвандаи Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар ҳудуди вилояти Суғд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будааст, даромада аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои гирифтани иҷозати фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад ва бо суханони бардурӯғ шиносномаҳои техникии манзили истиқоматии шаҳрвандони дигарро, ки бо ӯ ягон алоқамандӣ надоранд, ҳамчун гарав ба ҷабрдида дода, маблағҳои бо роҳи фиреб гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.