Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони милитсия ҳодисаҳои дуздиро ифшо намуданд 

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус аризаи марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми марти соли 2025, тахминан соати 05:00, марди 56-солаи сокини ҳамин ноҳия аз назди бозори  ҶДММ “Деҳқон”, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Шаҳритус 8-адад қутии кивӣ, 2-қуттии себ, як қуттии қаланфурро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 19 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад. 
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус аризаи зани 59-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ворид гардид, ки 27-уми феврали соли 2025, зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ба меҳмонӣ ба хонааш омада, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки дар телефони мобилиаш онлай ба корти “Спитамен-Бонк” пайваст намояд, ӯ аз фурсат истифода намуда, аз корти мобилии ҷабрдида 17 ҳазору 560 сомониашро бо роҳи пинҳонӣ дуздидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми декабри соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хоҷагии деҳқонии «Зафар», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Унҷии ҳамин ноҳия таҷҳизоти трансформаторро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров содир намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.03.2025 8:51
30