Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оқибати нохуши ҷангу ҷанҷол бо ҳамсари додар 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 55-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 16-уми феврали соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари додараш зани 46-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо термоси дар дасташ буда ҷабрдидаро мавриди лату кӯб қарор дода, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида 22-юми феврали соли 2025 дар беморхона аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.03.2025 8:41
39