Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар олами модар

(Илҳом аз «Модарнома»-и шоир Ниҳонӣ)

Андар чамани гулҳо гулбарги тарам гуфтӣ,
Дар саҳнаи маҳфилҳо зеби назарам гуфтӣ,
Андар хати шеъри тар  байти ҳунарам гуфтӣ,
Модар чӣ аҷаб зебо дунёи сарам гуфтӣ.

Гаҳвораи  нозамро як умр биҷунбонӣ,
Гарди ғами тефамро як умр  биафшонӣ,
Бехобии хобамро як умр  бихобонӣ,
Модар ба чӣ армоне нақди самарам гуфтӣ.

Орӯи  асал гӯӣ нози мани дилҳоро,
Дар лаблабуи  қандӣ диди ту шакарҳоро,
Дар  ғунчаи беханда диди раҳи дунёро,
Модар ту маро ҳар дам нури шарарам гуфтӣ.
«Лӯлак-лӯлаки хокӣ, дашти булаки боқӣ»,
Рӯймоли сарам дар сар, гаҳ рӯи сарам тоқӣ,
Чашмони пур аз обат ҳамчун  қадаҳи  соқӣ,
Модар ба ҳавасҳое уммеди дарам гуфтӣ.

Аз нам-нами лабҳоят лабҳои тарам обӣ,
Аз аллаи овозат чашмони сарам хобӣ,
Аз шӯълаи рухсорат чун дар шаби маҳтобӣ,
Модар ба сарам ганҷат беҳтар зи зарам гуфтӣ.

Дунё  ба назар беғам андар бағали модар,
Ду чашми алам бенам, андар бағали модар,
Заҳари ду ҷаҳон малҳам, андар бағали модар,
Модар ту маро дар тан чун болу парам гуфтӣ.

Дар шаҳри Сиистонӣ, Таҳминафарам гуфтӣ,
Боло зи ҳама олам, ҷону ҷигарам гуфтӣ,
Рӯзона гули  Шамсу шабҳо Қамарам гуфтӣ,
«Бонанг бишав гуфти, панди падарам гуфтӣ»1.

Гуфтӣ, ки  Азиза  ё  дунёи  азизам шав.
Фарзанди ватанхоҳу дунёи лазизам шав,
Дар олами серӯза ҳар рӯз биё пешам.
Дар хони муҳаббатҳо ту мағзу мавизам шав. 

Азизаи Давлатшоҳ
полковники милитсия                                 

06.03.2025 11:02
13