Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахш намудани зани роҳрӯб дар роҳи мошингард    

2-юми марти соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Эстима”, Меликов  Асрор Аҳрорович, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро аз самти кӯчаи Истаравшан ба самти хиёбони Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи бинои тарабхонаи “Антепхан”-и ноҳияи Шоҳмансур пиёдгард Ятимова Идимоҳ Юнусовна, соли таваллудаш 1971, сокини пойтахт, фаррошро, ки дар байни роҳи мошингарди зикршуда қарор дошта, роҳро мерӯфт, зада пахш кардааст. 
Дар натиҷа, пиёдгард Ятимова И.Ю. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда ба беморхона дастрас шуда, худи ҳамон рӯз дар беморхона ба ҳалокат  расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

04.03.2025 9:16
73