Ба ҷавобгарӣ кашидани марди 29-сола барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бе иҷозатномаи махсуси расмии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ машғул гардида, моҳи марти соли 2024 бо мақсади омода намудани раводиди корӣ ва ба кор таъмин намудан дар хориҷи кишвар аз марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор 250 ҳазор рубли русӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.