Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии поайфзол аз мағоза 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи январи соли 2025 то моҳи марти соли 2025, дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар чанд ҳолат аз мағозаи фурӯши либосҳо бо номи “Вайкикӣ”, воқеъ дар кӯчаи Д.Халқҳои шаҳри Душанбе якчанд намуди пойафзолҳои мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 718 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

04.03.2025 9:07
42