Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба қатл расонидани ҳамсар дар натиҷаи муноқиша

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми марти соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш зани 52-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, бо бели хоҷагӣ ба узвҳои баданаш якчанд маротиба зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.03.2025 8:55
39