Баргузории мусобиқаи варзишӣ бахшида ба "Рӯзи Модар"
4-уми марти соли 2025 дар толори маҷмааи варзиши Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили иди "Рӯзи Модар" мусобиқаи варзишӣ аз намуди тенниси рӯи миз байни кормандзанони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида шуд.
Варзишгар-бонувон ба 2 гурӯҳи синну солӣ ҷудо карда шуда байни ҳам қуваозмоӣ намуданд.
Дар байни кормандзанони то 35-сола беҳтаринҳо муайян шуданд:
Ҷойи 3-юм Султоншозода Соҷида аз дастаи ШАОИ ВКД;
Ҷойи 3-юм Баҳодурбекзода Ҳоҷибибӣ аз дастаи РВКД дар ш.Душанбе;
Ҷойи 2-юм Кукарова Шарора аз дастаи ШВКД дар н.Исмоили Сомонӣ;
Ҷойи 1-ум Хусравзода Майгуна аз дастаи СХДО ВКД.
Дар синну соли аз 35-боло бошад:
Ҷойи 3-юм Манская Наташа аз дастаи ШАОИ ВКД;
Ҷойи 3-юм Имомбердиева Меҳриниссо аз дастаи СХДО ВКД;
Ҷойи 2-юм Хусравзода Мавҷуда аз дастаи РОПҲНҶ ВКД;
Ҷойи 1-ум Мамадназарова Зарина аз дастаи ШАОИ ВКД.
Дар намуди даставӣ:
Ҷойи 1-ум ШАОИ ВКД;
Ҷойи 2-юм СХДО ВКД;
Ҷойи 3-юм ШВКД дар н.Исмоили Сомонӣ.
Дар анҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.