Изҳори миннатдории Ширкати «Умед-88»
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро!
Ширкати «Умед-88» бо арзи эҳтиром ва сипоси бепоён миннатдории хешро ба Шумо ва ба ҳама ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ иброз медорад. Дар таърихи 16 октябри соли ҷорӣ, соатҳои 03:00-03:30 шабона як гурӯҳи муссалаҳи ниқобпӯш ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88», воқеъ дар кӯчаи Шестопалова бо корду чӯбдастҳо ошкоро ба кормандони коргоҳи мазкур ҳамла бурда, маблағи хазинаро бо худ бурданд.
Онҳо аз ҷумла кормандони ин нуқта Каримов Дамир ва Пирзода Кароматуллоро бо зарби кард захмӣ намуда, шишаи дукони хазинаро шикаста, аз он ҷо бештар аз 4000 сомониро бо худ бурданд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шахсони гумонбар дар содир кардани ин ҷинояти нангин Абдуллоев Фарҳод, Мустафоқулов Баҳрулло, Назаров Мурод ва Сиёвуши Одилҷон, сокинони ноҳияи Ҳисор дастгир карда шуданд.
Ширкати мо миннатдории худро пеш аз ҳама ба ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, қайд карданием, ки баъди сар задани ин ҷиноят сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Ҷурахонзода Саид баҳри ошкор намудани ин ҷиноят тамоми чораҳоро андешида, таҳти назорати қатъӣ гирифт ва тамоми коргарони фавриро баҳри ошкор кардани ин ҷиноят сафарбар намуданд.
Мо хурсанд аз он ҳастем, ки баъди сар задани ин ҳодиса сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе полковники милитсия Нумонов Р.И. бевосита ба ҷойи ҳодиса ташриф оварда, дар ҷояш баҳри ошкор гаштани ин ҷиноят тамоми чораҳоро андешиданд.
Маҳз кордонию муттаҳидии кормандони ВКД ҶТ буд, ки ҷинояти мазкур дар мӯҳлати кутоҳтарин ошкор гардид. Аз ин рӯ, ширкати мо аз ин амали кормандони Вазорати корҳои дохилӣ қаноатманд буда, миннатдории хешро бори дигар иброз медорад.
Бо эҳтиром,
Директори генералии ҶДММ «Умед-88» Одинаев Р.Ғ.