Мусобиқаи тирпарронӣ байни кормандзанони милитсия
28-уми феврали соли 2025 бахшида ба таҷлили “Рӯзи модар” дар Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи тирпарронӣ байни кормандзанони Дастгоҳи марказии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томи он ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 92 нафар кормандзанон, 46 нафар аз тапончаи тамғаи “Макаров” ва 46 нафар аз тапончаи тамғаи “Глок-17” иштирок намуданд.
Мусобиқа дар се марҳила баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур аз тарафи раиси ҳакамон, подполковники милитсия Довудзода Сафарали Давлат – муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ҳакамон подполковники милитсия Шарофиддинзода Ҳукмиддин Шарофиддин – сарнозири шуъбаи таълим-тайёрии кадрҳо ва сафарҳои хориҷии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Латиф Муҳиб Лоҷварбек - сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Юсупов Зафар Хурсандович – сардори шуъбаи тайёрии ҷангӣ ва махсуси Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Кормандзаноне, ки натиҷаи хуб нишон доданд аз тарафи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили “Рӯзи модар” ҳавасманд гардонида мешаванд.
Шарофиддинзода Ҳ. Ш.