Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард

1-уми марти соли 2025, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Шарифов Тоҳир Нуралиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи восиаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-В”, таҳти идораи Абдуалимов Бахтиёр Тоҷидинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ховалинг бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Шарипов Т.Н. ва мусофири дохили автомашинаи мазкур Аброров Файзулло Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Муъминобод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомшинаи “Тайота-В” Абдуалимов Б.Т. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Рафиев Вали Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1981, Ҳасанов Иброим Ҳигматуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокинони ноҳияи Ховалинг ва Шарипова Ҳоҷарби Сатторовна, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Муъминобод ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
1-уми марти соли 2025, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Абдусамат Тулаганович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Чагами ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбори дар канори чапи роҳи мошингард чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина Холова Гулбаҳор Чориевна, соли таваллудаш 1994, хурдсол Холов Самирҷон Акбаралиевич, соли таваллудаш 2024, сокинони ноҳияи Қубодиён, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар Нуров Холмат Ҷоматович, соли таваллудаш 1967 ва Элов Ҳасан Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1971 сокинони шаҳри Турсунзода ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
1-уми марти соли 2025, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла”, таҳти идораи Раҷабов Ҳасан Оймадович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Лағмони ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб ба самти маҳалаи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи Фирдавсии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Мирзоева Аҳдия Фазлиддиновна, соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ Мирзоева А.Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

03.03.2025 8:16
38