Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қатли ҳамсари собиқ дар натиҷаи рашк

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ моҳи декабри соли 2023, ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор доштанаш бо зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб никоҳи исломӣ анҷом дода, баъд аз се моҳи зиндагӣ аз якдигар ҷудо мешаванд. 
3-юми феврали соли 2025, гумонбаршаванда марди 41-сола бо воситаи нақлиётӣ ба назди ҷойи кори ҷабрдида омада интизор шудааст. Ҷабрдида аз кор баромада ба такси савор шуда меравад. 
Сипас гумонбаршаванда аз паси таксӣ рафта, автомашинаро боздошта, ҷабрдидаро бо роҳи маҷбурӣ аз такси фароварда ба автомашинаи худ савор кардааст.
Баъдан байни гумонбаршаванда ва ҷабрдида аз ҳиссиёти рашк муноқишаи лафзӣ ба миён омада, гумонбаршаванда аз паҳлуи чапи дари автомашина дастаи оҳанинро гирифта, ҷабрдидаро лату кӯб намудаст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст.
Сипас гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади ҷабрдидаро дар ҷангал пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст. 
Дар натиҷаи ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, ба ҳабс гирифта шудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

03.03.2025 8:15
40