Вохӯрӣ бо ҷавонон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи К. Мастчоҳ вохӯрии роҳбарияти шуъба бо ҷавонони фаъоли ноҳия доир гашт. Ҳамчунин дар ин ҳамоиши маърифатӣ омӯзгорони ҷавон ва намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок доштанд. Чорабиниро муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Қозиева ифтитоҳ намуд. Номбурда ташаббуси мақомоти корҳои дохилиро, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарбия ва роҳнамоии ҷавонон ба корҳои созандагӣ, тарғиби илму донишандӯзӣ миёни онҳо, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ роҳандозӣ гардида, тадбиқи ҳадафмандонаи он имкон медиҳад, ки насли ҷавон кору амали насли калонсолро идома дода номбардори Ватан бошанд, бамаврид хонд. Зеро масъалаҳо вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон дар мадди аввали сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли мо қарор дорад.
Дар идома сардори ШВКД дар ноҳияи К. Мастчоҳ майори милитсия Ниёззода Саидмақсуд Саидмаъмур оид ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, нуқтаҳои асосии Паём вобаста ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳаҳои муҳим ба мисли маорифу тандурустӣ, ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла шароитҳои фароҳамгардида барои азхудкунии илму дониш, интихоби касб, иштироки ҷавонон дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон баромад намуд.
Ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои ҷавонон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар самти рушду пешрафти ҷавонон ва ба камол расонидани насли солиму созанда бетараф нест. Иштироки ихтиёронаи ҷавонон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки фазои амнияту осоиштагӣ дар Ватани маҳбубамон таъмин бошад. Ба таъкиди сардори милитсияи ноҳияи К. Мастчоҳ сафи чунин ихтиёриён дар ноҳияи мазкур кам набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавонони матинирода дастёру мададгори намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошанд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем. Сафарбар шудани ҷавонон ба корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ ба эмин мондани давлату миллат аз ҳаргуна хатарҳои эҳтимолӣ мусоидат карда, ба ин васила қадами устувор ба ояндаи дурахшон гузошта мешавад. Зеро ҷавонони руҳану ҷисман солим ба воя расида идораи давлатдориро ба уҳда мегиранд, ки дар муҳити солиму осоишта ба камол расидаанд.
Садоқату вафодорӣ ба Ватан, масъулиятшиносӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту ободии сарзаминро бояд бо амалу рафтор нишон дод. Сарҷамъиву муттаҳидӣ имконият медиҳад, ки мо ба ин ҳадафҳои созанда сарбаландона бирасем, таъкид рафт зимни чорабинӣ. Ба ҷавонон дастур дода шуд, ки вақти худро беҳуда нагузаронида, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ояндаи худро бисозанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.