Ҳалокати марди 65-сола бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
27-уми феврали соли 2025, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Зил», Ахмедов Исломҷон Исроилович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Саидаҳроров Назир Дадоевич, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Хуҷандро, ки дар канори роҳ хоб буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Саидаҳроров Н.Д. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.