Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
26-уми феврали соли 2025, тахминан соати 21:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳайдаров Абдурауф Солиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Ҳайдаров А.С. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони автомашинаи мазкур Ҳайдаров Алиҷон Солиевич, соли таваллудаш 1983 ва Соҳибназаров Абдурашид Абдуразақович, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
27-уми феврали соли 2025, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Сатторов Маҳмадовуд Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми дар деҳаи С.Шерозии ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур хонандагони МТМУ №1-ро ба автомашина савор кардан хурдсол Муродзода Нозанин Сафар, соли таваллудаш 2023, сокини ҳамин ноҳия дар таги автомашина даромадааст.
Ронанда ҳангоми ҳаракат намудан хурдсол Муродзода Н.С.-ро бо чархи қафояш пахш намудааст, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.