Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 10-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:00, ҳангоми дар ноҳияи Сино қарор доштанаш марди 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз бовариаш дар ҳаҷми 170 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯроквории “Орд”-ро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳтарин маблағашро медиҳад, аммо маҳсулоти мазкурро фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 62-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи феврали соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада бо баҳонаи харидорӣ намудани ҳуҷраи истиқоматӣ аз бинои баландошёнаи маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд 46 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

28.02.2025 8:16
29