Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба хоҳар
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми феврали соли 2025, тахминан соати 17:30-дакиқа, марди 27-солаи сокини ҳамин шаҳр дар назди бозори “И.Сомонӣ”, воқеъ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд 1 маротиба ба шиками хоҳараш зани 37-солаи сокини шаҳри Кӯлоб зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо дастрасии қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.