Намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрока дар ВКД
28-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.
Дар ин намоиш-фурӯш маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин намоиш-фурӯшҳои маҳсулоти хӯрока пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия