Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 32-сола бо гумони ташкил намудани фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 25-уми октябри соли 2024, хонаи истиқоматиро дар суроғаи кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Душанбе ба иҷора гирифта, ба марди 39 ва зани 26-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз марди 39-сола 1 ҳазору 800 сомонӣ ҳамчун ҳаққи хизмат гирифтааст. 
Инчунин, гумонбаршаванда 25-уми октябри соли 2024, дар суроғаи кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Душанбе ба ҷавони 25 ва зани 35-солаи сокинони шаҳрҳои Панҷакенту Кӯлоб барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда аз ҷавони 25-сола 1 ҳазору 800 сомонӣ ҳамчун ҳаққи хизмат гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

27.02.2025 8:54
43