Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани якчанд нафар бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ мактуб ҶСП “Душанбе Сити бонк” ворид гардидааст, ки 16-уми феврали соли 2025, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар назди истгоҳи боғи “С.Айнӣ” монитор ва сенсори терминалро бо санг зада шикаста, аз дохилаш 1 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 92 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии  “Муҳаммад” ном шахс содир кардаанд. 
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 49-солаи сокини ноҳияи Варзоб ворид гардидааст, ки 26-уми феврали соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш шуда, аз онҷо 6 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон ҷинояти мазкурро бо Муҳаммад ном шахс содир намудаанд.
Барои дастгир намудани “Муҳаммад” ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад. 
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот давом дорад.

27.02.2025 8:52
39