Пешсафии динамочиён дар «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»
Бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба соҳаи варзиш диққати махсус дода шуда, барои солимӣ ва тандурустии ҷомеа садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки имрӯз мавриди истифодаи хурду калон қарор доранд.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ низ ин иқдом пурра роҳандозӣ гашта, барои ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул гардидани кормандон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шуда, бо ташаббуси ВКД пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешаванд.
Аз ҷумла, тӯли 15 сол мешавад, ки дар ВКД баҳри дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикикстон» таҳти шиори «Варзиш - бар зидди нашъамандӣ» мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир карда шуда, дар онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Ин навбат низ, аз 27-уми январ то 24-уми феврали соли равон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, таҳкими дӯстию рафоқат миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқа аз намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - бар зидди нашъамандӣ» баргузор гардид.
Мусобиқа аз рӯи се синну сол: байни кормандон, ҳаваскорон ва собиқадорон доир гардида, дар он 50 даста аз вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷа, миёни кормандон ҷойи якум насиби дастаи «Динамо»-и ВКД, ҷойи дуюм ба тими Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм насиби дастаи Маркази миллии тиббии «Шифобахш» гардид.
Ҳамин тавр, миёни ҳаваскорон дастаи варзишгарони Ширкати «Рахш-такси» ба гирифтани ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа мушарраф гардид.
Ҷойи дуюмро тими Кумитаи андоз назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуда, зинаи сеюм ба дастаи «Динамо» муносиб дониста шуд.
Дар байни собиқадорон бошад, зинаи аввалро дастаи «Вавилон», мақоми дуюмро тими «Динамо» ва ҷойи сеюмро футболбозони дастаи «Фирдавс-40» сазовор гардиданд.
Дар анҷоми мусобиқа муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо ба варзишгарон барои ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ ва дастовардҳои назаррас барору комёбиҳо таманно карда, ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, Ифтихорномаю Сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ