Чорабинии тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон дар ноҳияи Деваштич
Масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия мунтазам дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия чорабиниҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида, низоми шиносномадориро ба хонандагон мефаҳмонанд.
Ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон ҷузъи фаъолияти нақшавӣ дар ин самт мебошад. То ин, ки хонандагон саривақт бо шиноснома таъмин гардида дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд. Ба хусус ҳангоми интихоби касб ва ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо шиноснома ҳамчун ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият мавқеъи асосӣ дорад.
Чорабинии навбатӣ дар МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Далёни ноҳия баргузор гашт, ки аз маркази маъмурии ноҳияи Деваштич дуртар ҷойгир мебошад. Дар натиҷаи корбарӣ ва хизматрасонии дастрас ба хонандагон ба 40 нафар навраси ба синни шиносномагирӣ расида дар вазъияти тантанавӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ супорида шуд.
Пеш аз супоридани шиноснома масъулини ХШБ ШВКД дар ноҳияи Деваштич ба хонандагон муқаррароти қонунгузорӣ дар самти шиносномадорӣ, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳо барои бори аввал гирифтани шиноснома, ҷавобгарӣ ҷиҳати аз муҳлати синну соли гузаронидан, гум кардани шиносномаи шаҳрвандӣ ва дигар расмиёт вобаста ба низоми шиносномадориро фаҳмониданд.
Маросими ботантанаи шиносномасупорӣ ва табрикоти намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ хонандагонро рӯҳбаланд намуд. Тавре сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Деваштич подполковники милитсия Ғайрат Юлдошзода таъкид намуд, масъулини хадамот дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ҳамингуна чорабиниҳоро дар 69 мактабҳои ҳудуди ноҳия мегузаронанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.