Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
25-уми феврали соли 2025, тахминан соати 11:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВУД”, Раҷабов Панҷшер Султонмуродович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи мусофиркаши ҶСП “Сабоҳ такси”, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз самти кӯчаи С.Шерозӣ ба самти кӯчаи С.Носири ноҳияи И.Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоев Элназар Абдуллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Шаҳритусро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Абдуллоев Э.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
25-уми феврали соли 2025, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аксент», Ғафуров Абдураззоқ Аброрович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар 332-километри шоҳроҳи мошингарди «Хуҷанд-Мастчоҳ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Ғафуров А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда, мусофираш ноболиғ Ғафурзода Муҳаммадносир Абдураззоқ, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамон ҷо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.