Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷойи кораш мутахассиси ҶДММ “Истиқлоли Манучеҳр” дар ноҳияи Ёвон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2023, бо истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи аз блоки “А” ошёнаи чорум бинои навсохташаванда, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон додани хонаи дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 62,77-метри мураббаъ аз ҷабрдида 180 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки қаблан бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 27-уми феврали соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, барои гирифта додани 2-адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди шаҳри мазкур 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.02.2025 8:54
31