Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ
24-уми феврали соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон дар манзили истиқоматиашон ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо бародараш марди 56-солаи сокини ҳамон ҷо бо якдигар ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 3 маротиба ба узвҳои бадани бародараш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷарроҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.