Дастгир гардидани марди 27-сола бо ҷурми дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми феврали соли 2025, бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур шуда, аз онҷо 1-адад ангуштарини тиллоӣ, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.