Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 21-уми феврали соли 2025, тахминан соати 07:40-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Б.Тошеви ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турснзода ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳангоми бо воситаи нақлиёташ тамғаи “ДЭУ-Тико”, ба мусофиркашонӣ машғул буданаш, аз деҳаи А.Мирзоеви шаҳри Турсунзода духтарбачаи ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро ба автомашина савор карда, ба деҳаи Б.Тошев бурда, дар дохили автомашина бо истифодаи таҳдиду зуроварӣ, маҷбуран 200 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.