Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия"
25-уми феврали соли 2025 дар мавзеи истироҳатгоҳи "Шоҳамбарӣ" зери роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо
ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" баргузор гардид.
Дар ҷаласа Роҳбари Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе ҷаноби Вилли Кемпел, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Туркия, Исломии Эрон, Покистон, Мардумии Чин, Фаронса, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, иштирок намуданд.
Зимнан, ба ҷаласа коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Хуан Беликов даъват карда шуда, дар ҷараёни он хулосаи номбурда доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласа дар фазои озод баргузор гардида, дар ҷараёни он ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур таклифҳои мушаххас манзур карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷаласа то санаи 27-уми феврали соли 2025 идома меёбад.















