Мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ"
22-юми феврали соли 2025 бо ташаббуси ШҶ «Динамо» дар толори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар натиҷа, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи мазкур муайян гардиданд.
Оид ба шоҳмот байни мардон:
Ҷойи якум - Илҳомӣ Ҷалолиддин (ВКД ҶТ);
Ҷойи дуюм - Шарифов Меҳриддин (Донишгоҳи техникии Тоҷикистон);
Ҷойи сеюм - Тешаев Абдуқаҳҳор (ҶДММ "Мадади андозсупор").
Оид ба шоҳмот байни бонувон:
Ҷойи якум - Шамсиддинова Маҳтоб (ДДОТ ба номи С.Айнӣ);
Ҷойи дуюм - Саликова Шаҳноза (Вазорати фарҳанги ҶТ);
Ҷойи сеюм - Исламова Нилуфар (Вазорати фарҳанги ҶТ).
Оид ба шашка байни мардон:
Ҷойи якум - Муборакиён Сиддиқ (ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ)
Ҷойи дуюм - Амиров Фозил (ҶДММ "Юнус");
Ҷойи сеюм - Назаров Одилҷон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).
Оид ба шашка байни бонувон:
Ҷойи якум - Сафарзода Шоира (ВКД);
Ҷойи дуюм - Шарипова Мавзуна (ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ);
Ҷойи сеюм - Холиқзода Марям (Вазорати фарҳанги ҶТ).
Даставӣ, оид ба шоҳмот:
Ҷойи якум - ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҷойи дуюм - ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ;
Ҷойи сеюм - Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Даставӣ, оид ба шашка:
Ҷойи якум - ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ;
Ҷойи дуюм - ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҷойи сеюм - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар хотимаи мусобиқа ғолибон аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва ШҶ «Динамо» бо Ҷом, медал, Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва туфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.






























